Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав "Раҳпаймоии сулҳ" идома дорад


Дар Маскав раҳпаймоии зиддиҷангӣ бо номи “Раҳпаймоии сулҳ” идома дорад. Дар поёни ин раҳпаймоӣ, ки аз хиёбони ба номи Пушкин мегузарад, дар майдони хиёбони Академик Сахаров ҳамоиш баргузор мешавад. Шумораи ширкаткунандагони онро 50 ҳазор нафар тахмин мезананд.

Ширкаткунандагони ин раҳпаймоӣ ва ҳамоиш эътирози худро бар зидди мавзеъгирии Русия нисбат ба масъалаи Украина изҳор хоҳанд дошт. Ширкаткунандагон парчамҳои Русия ва Украинаро дар даст доранд.

Созмондиҳандагони он ҷунбиши "Солидарность", Ҳизби ПАРНАС, "Партия 5 декабря" ва "Партия прогресса" мебошанд. Дар Санкт-Петербург ва шаҳрҳои дигари Русия зери шиори “Нест бод ҷанг” ба ҳимоят аз раҳпаймоии Маскав “Раҳпаймоии сулҳ” баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG