Пайвандҳои дастрасӣ

Ду моҳигири афғон дар марз бо Тоҷикистон кушта шуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ду моҳигири афғон аз сӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Масъулони маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 15-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ду моҳигирро ҳадафи тир қарор доданд. Суннатулло Темур, сухангӯи волии Тахор гуфт, ин афрод рӯзи гузашта дар минтақаи вобаста ба дарёи Ому дар вулусволии Даштиқалъа, ҳангоми моҳигирӣ кушта шудаанд. Мардум ҳам дар ин минтақа ин масъаларо таъйид кардаанд. Масъулони вилояти Тахор мегӯянд, ки таҳқиқот дар ин хусус ҷараён дорад. Аммо нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ин ҳодиса бехабарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG