Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Саъдӣ ва Сорбон аз ҷазои пешниҳодии додрас розӣ нестанд


 Сорбон Музаффарбеков.
Сорбон Музаффарбеков.

Наздикони Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов, ки аз дасти як нафар бераҳмона кушта шудаанд, ҷазои пешниҳодии айбдоркунандаи давлатиро напазируфтанд ва хостори ҳабси якумрии қотил шуданд.

Дар ҳоле ки айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи куштори ду варзишкори ҷавони тоҷик, барои муттаҳамон аз додгоҳ мутаносибан аз 3 то 30 соли зиндонро тақозо кард, пайвандони мақтулон ин ҳукмро ноодилона номиданд.

Саидбек Сатторов, падари маҳрум Саъдӣ Сатторов дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ӯ аз пешниҳоди айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нест, зеро: «30 сол ин кам аст барои нафаре, ки ду одамро кушта ва 7-8 корд задааст. Айбдоркунандаи бояд ҳукми якумра талаб мекард.»

Саибдек Сатторов меафзояд айбдоркунандаи давлатӣ бояд барои падари Шералӣ ҷазои бештар талаб мекард. Зеро дидаву дониста ҷинояти писаронашро пинҳон кард.

Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков низ аз ин талаби айбдоркунандаи давлатӣ розӣ набуда, мегӯяд, "агар падару модари муттаҳамон ҳади ақал як бор барои ҳамдарди меомаданд, шояд каме ором мешудам. Аммо чун мебинам ягон нафаре аз онҳо барои ин амалашон пушаймон нестанд ва бар замми ин дар ҳаққи писарам бадгӯиҳо мекунанд, гуноҳи ягон тан аз онҳоро намебахшам."

Баррасии парвандаи қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола, ки ҳар ду варзишкор буданд, рӯзи ҷумъаи 14-уми март дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид ва Фарҳод Рауфов, айбдоркунандаи давлатӣ дар ин мурофиа аз додгоҳ барои Шералӣ Муродови 22 сола, ки дар ин куштор муттамҳами асосӣ дониста мешавад, ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 30 сол бо мусодираи амволро талаб кард. Фарҳод Рауфов барои шарикони ин куштор - Ташзода Камолиддин ва Шарифҷони Абдулазиз - 23 солӣ бо мусодираи амвол ва нигоҳ доштан дар маҳбаси низомаш сахт, Сайфулло Кабудов 20 сол, Дилшод Наҳимов ва Ҷаҳонгир Муродов, - 6 солӣ, ва Салим Муродов, падари Шералӣ Муродов - 3 солро талаб кард.

Ҳамчунин айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, то нисбати Насим Муҳиддинов, пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1500 нишондод, Ҳусейн Ҳамроқулов, 1000 нишондод ва Назрӣ Домуллоҷонов, ки пизишк аст, 730 нишондод ва маҳрум шудан аз ҳаққи фаъолият барои 5 сол ҳалнома содир намояд.

Дар ҳоле ки наздикони ду варзишгар ҳукмро зери танқид гирифтанд, холаи Шералӣ Муродови 22 сола, ки нахост номаш гуфта шавад, назари онҳоро рад кард ва гуфт: «Охир инҳо ҷавон буданд. Ин бераҳмӣ аст нисбати як ҷавоне, ки ҳамагӣ 22 сол дорад, 30 соли ҷазо талаб кунанд. Вақте ба Шералӣ тир мекушоянд, ӯ худро ҳимоя кардааст. Агар ин корро намекард шояд онҳо низ чанд нафарро мекуштанд.»

Қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола, яке дар моҳи августи соли гузашта ва дуввумӣ дар моҳи апрели соли равон сурат гирифтааст ва дар ин кушторҳо Шералӣ Муродови 22-сола, муттаҳами асосӣ дониста мешавад.

Шералӣ Муродов, сокини Душанбе, тибқи моддаи 104-и қонуни ҷазо (куштор) айбдор дониста мешавад. Тафтишот ва шоҳидон мегӯянд, ки ӯ ҳамроҳи Камолиддин Тошзода ва Шарифҷони Абдулазиз рӯзи 26 августи соли 2012 дар назди тарабхонаи “Бешаи Палангон” ба Сорбон Музаффарбеков дарафтода, 8 бор ба сари синаи ӯ корд задааст. Дар натиҷа Сорбон Музаффарбеков дар беморхона ҷон додааст.

Дар як паҳлӯи Шералӣ Муродов дар курсии айбдоршавандагон падари ӯ Салим Муродов ва бародараш Ҷаҳонгир низ нишастаанд. Онҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки барои наҷоти Шералӣ гувоҳномаи тиббии “бемори равонӣ” будани ӯро овардаанд. Вале бо фош шудани ин тақаллуб ҳарду ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар моҳи августи соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафар ба гумони даст доштан дар қатли як ҷавони 20-сола дар шаҳри Душанбе хабар дода буд. Бар асоси иттилои сомонаи Вазорати умури дохилӣ, ин афрод рӯзи 26 август дар наздикии тарабхонаи "Бешаи палангон" бо се сокини дигари шаҳр даъво карда ва яке аз онҳоро ба зарби корд сахт маҷрӯҳ кардаанд ва дар натиҷа Сорбони 20-сола дар бемористон ҷони худро аз даст додааст. Ангезаи ин муноқиша миёни ҷавонон маълум нест. Аммо пулис мегӯяд, Шералӣ Муродов қаблан ҳам як дафъа бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ (авбошӣ) маҳкум ба зиндон шуда буд. Аммо ҷумъаи 14-уми март айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳи гуфт ягон тан аз муттаҳамони дар куштори Сорбон Музаффарбеков ва Саъди Сатторов қаблан доғи судӣ надоштаанд.

Дар ҳамин мурофиа Шералӣ Муродов ба куштори Саъдӣ Сатторов низ айбдор мешавад. Қатли Саъдии 25 сола дар моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтиши қазияро зери назорати худ гирад. Онҳо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки гӯё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷинояти вазнин халос шудааст.

Гуфта мешавад мурофиаи навбатии додгоҳ ба душанбеи 17-уми март гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG