Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳённес бознигарии ҳукми додгоҳро талаб намекунад


Футболбози маъруфи олмонӣ, раиси клуби футболи “Бавария” Ули Ҳённес гуфт, бознигарии ҳукми додгоҳро, ки ӯро барои сарпечӣ аз пардохти андоз ба севуним соли маҳбас маҳкум намудааст, талаб нахоҳад кард. Ҳённес рӯзи ҷумъа, 14 март, ҳамчунин хабар дод, ки мақоми раиси клуби “Бавария” ва раиси Шӯрои нозирони ин дастаро тарк мекунад.

Як рӯз пеш додгоҳ футболбози маъруфро дар он айбдор кард, ки ба маблағи беш аз 27 миллион евро андоз пардохт накардааст ва маблағҳои худро дар бонкҳои Швейсария пинҳон карда буд.

Вакилони мудофеи Ҳённес хостори сафед кардани ӯ шуда, далел пеш оварданд, ки раиси клуби “Бавария” ҳанӯз соли гузашта сарпечӣ карданаш аз пардохти андозро иқрор намуда буд. Аммо додситонӣ гуфт, ки Ҳённес ба ҷинояти содиркардааш баъд аз шурӯи тафтишот иқрор шудааст.

Рӯзи душанбе Ули Ҳённеси 62-сола ба додгоҳ хабар дод, ки ба маблағи 18,5 миллион евро андоз насупурдааст. Аммо як рӯз баъд мақомоти андози Олмон изҳор намуданд, ки Ҳённес аз давлат 27 миллиону 200 ҳазор евро қарздор аст.
XS
SM
MD
LG