Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро дар як бозори Чин бо марги 5 кас анҷом ёфт


Дар вилояти Хунан, воқеъ дар ҷанубу шарқи Чин, рӯзи ҷумъа, 14 март, бар асари ҳамлаи як тоҷири мусаллаҳ бо корд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полис, дар бозори шаҳри Чангша миёни ду тоҷир моҷаро бархост ва яке аз онҳо ба рақибаш ва ба раҳгузарҳо бо корд ҳамла кард. Се нафар - рақиби ҳамлагар ва ду сокини осоишта дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд. Ду нафари дигар бар асари ҷароҳатҳои бардошта ҷон доданд. Худи ҳамлагар ҳадафи тири корманди полис қарор гирифт.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар шаҳри Чангша афроди ношинос бо корд ба роҳгузарон ҳамла карда се нафар куштаанд ва як каси дигарро маҷрӯҳ карданд. Мақомоти Чин гуфтанд, ки ҳодисаи ахир - ҳамлаи террористӣ нест.

Ин дуввумин ҳодисаи кордзанӣ ба сокинони осоишта дар Чин дар ду ҳафтаи ахир аст. Ибтидои моҳ ба асари ҳамин гуна ҳамла дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмини вилояти Юннан 29 нафар ба ҳалокат расида буданд. Мақомоти Чин дар он ҳодиса ҷудоихоҳон аз вилояти мухтори Шинҷон-Уйғурро айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG