Пайвандҳои дастрасӣ

Созмондиҳандагони бархӯрд дар Донетск боздошт шуданд


Чаҳор тан аз созмондиҳандагони бархӯрд миёни ширкаткунандагони ҳамоишҳои русгароҳо ва ҷонибдорони Украинаи воҳид дар шаҳри Донетск боздошт шудаанд. Дар ин бора вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков рӯзи ҷумъа дар саҳифааш дар Facebоok хабар дод. Ба навиштаи ӯ, боздоштҳо идома хоҳанд кард ва ҳамчунин аъмоли кормандони милиса дар ин ҳодиса тафтиш хоҳад шуд.

Бар пояи хабарҳои ахир, бар асари бархӯрдҳо дар шаҳри Донетски Украина, ки шоми панҷшанбе ба вуқӯъ пайвастанд, се нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 50 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳодиса сухангӯи бахши маҳаллии ҳизби “Свобода” Дмитрий Чернявский ҳам ҷон бохтааст.

Дар ҳамоишҳои русгароҳо ва ҷонибдорони Украинаи воҳид дар майдони ба номи Ленини Донетск ҳазор нафарӣ аз ду ҷониб ширкат доштанд. Замоне, ки афроди пуштибон аз Украинаи воҳид майдонро тарк мекарданд, русгароҳо ҳалқаи кормандони милисаро шикаста ба онҳо ҳамла намуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, теъдоди кормандони милиса дар майдон хело кам буд ва онҳо алайҳи ҳамлагарон чорае наандешиданд.

Қарор аст, ки русгароҳо дар шаҳри Донетск рӯзҳои 15 ва 16 март ҳам ҳамоишҳо баргузор ва пайвастани вилоят ба Русияро талаб кунанд.
XS
SM
MD
LG