Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се кас дар кордзанӣ дар Чин


Дар шаҳри Чангшаи вилояти Хунан, воқеъ дар ҷанубу шарқи Чин, рӯзи ҷумъа, 14 март, бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба роҳгузарон дасти кам се нафар кушта шуда, як каси дигар ҷароҳат бардошт. Ба навиштаи расонаҳои расмии Чин, ҳамлагарон бо корд мусаллаҳ буданд.

Кормандони полис яке аз ҳамлагаронро ҳадафи тир қарор дода, як тан аз онҳоро боздошт карданд. Се нафари дигар аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.

Ин дуввумин ҳодисаи кордзанӣ ба сокинони осоишта дар Чин дар ду ҳафтаи ахир аст. Ибтидои моҳ ба асари ҳамин гуна ҳамла дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмини вилояти Юннан 29 нафар ба ҳалокат расида буданд. Мақомоти Чин дар он ҳодиса ҷудоихоҳон аз вилояти мухтори Шинҷон-Уйғурро айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG