Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Данфорд: Ҳама нерӯ алайҳи "Ҳаққонӣ" равона шудааст


Нерӯҳои байнулмилалӣ ва артиши Афғонистон барои мубориза бо шабакаи ифротгарои “Ҳаққонӣ” сафарбар шудаанд. Дар ин бора генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон, рӯзи панҷшанбе, 13 март, дар нишасти Кумитаи нерӯҳои мусалалҳи ИМА, хабар дод ва изҳор намуд, ки ин шабака таҳдиди халал ворид намудан ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 5 апрелро кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ИМА талоши ошкор кардани манбаъҳои сармоягузории шабакаи “Ҳаққони”-ро дорад.

Генерал Данфорд ҳамчунин гуфт, ки барои хуруҷи афсару сарбоз, интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва дар ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани пойгоҳҳои ҳарбии боқимонда 102 рӯз зарур аст.

Мусаллаҳони шабакаи “Ҳаққонӣ”, ки дар минтақаи Вазиристони Шимолии Покистон, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, мустақаранд дар ташкили чанд ҳамлаи густурда ба низомиёни амрикоӣ ва байнулмилалӣ дар Афғонистон айбдор мешаванд. ИМА борҳо аз ҳукумати Покистон даъват намудааст, ки алайҳи ин шабака аз чораҳои шадид кор бигирад.
XS
SM
MD
LG