Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттиллои расмӣ, беш аз 200 табиби тоҷик дар Афғонистон дар хидмати мардуми ин кишвари ҳамсоя ҳастанд.

Ин матлаб шоми дирӯз панҷшанбеи 13-уми март зимни дидору гуфтугӯи Абдулҳодӣ Арғандивол, вазири иқтисоди Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён гардид. Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири иқтисоди Афғонистон дар ҳошияи нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва фаннии ду кишвар сурат гирифт.

Ба иттиллои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, "рушди ҳамкориҳо бо Афғонистонро аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард". Ин манбаъ меафзояд, ҷонибҳо бар густариши равобиту ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фаннӣ таъкид карданд.

Аммо дар баробари ин ҳамкориҳо, равобити фарҳангиву маърифатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар меҳвари дидору гуфтугӯи вазири иқтисоди Афғонистон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, "дурнамои ҳамкориҳои маърифативу фарҳангӣ бо Афғонистон умедворкунанда таллақӣ гардид."

Дар ин замина зикр шудааст, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 234 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми ин афғон хизмат мерасонанд."

Хабари фаъолияти беш аз 200 табиби тоҷик дар манотиқи мухталифи Афғонистон дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо танҳо дар шаҳри Маскави Русия беш аз 500 табиби тоҷик кор мекунанд.

Каримҷон Ёров, раиси созмони муҳоҷирони кории тоҷик - "ЭтМос" рӯзи панҷшанбеи 13 март зимни баргузории ҳамоиши "Ҳифзи ҳуқуқи занони муҳоҷир" баён кард. Он идда табибоне, ки барои кор ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия, Афғонистон ва ҳатто кишварҳои арабӣ мераванд, мегӯянд, маҳз боло будани маош ва шароити мусоид, онҳоро ба хориҷи кишвар мебарад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳоло дар ҷумҳурии Яман, дар вилоятҳо ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ҳудуди 300 нафар табиби тоҷик дар арсаҳои гуногун кор мекунанд, ки миёни онҳо табибони ҷавон низ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG