Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ҷараён дорад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Энергетик» ва «Истиқлол» (ҳарду аз Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Канд» (Конибодом), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Равшан» (Кӯлоб) дохиланд.

Дар даври дувум дар гурӯҳи “Б” рӯзи 12-уми март “Хайр” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2-0 ва ҳайати ҷавонони “Равшан” бар“Канд” бо ҳисоби 4-3 ғолиб омаданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «Б»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Хайр» 2 2 0 0 6-0 6
2 «Регар-ТадАЗ» 2 1 0 1 3-2 3
3 “Равшан” 2 1 0 1 4-6 3
4 “Канд” 2 0 0 2 3-8 0

Рӯзи панҷшанбе, 13-уми март, бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи «А» баргузор шуданд. «Истиқлол» бар «Панҷшер» бо ҳисоби бузурги 11-0 ғалаба кард. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Энергетик» ва «Хуҷанд» бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 2 2 0 0 14-0 6
2 «Энергетик» 2 1 1 0 8-2 4
3 “Хуҷанд” 2 0 1 1 1-4 1
4 “Панҷшер" 2 0 0 2 1-18 0

Дастаҳои пешсаф – “Истиқлол” (гурӯҳи “А”) ва “Хайр” (гурӯҳи “Б”) сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин ба нимфинал баромаданд.

Имрӯз, 14-уми март, бозиҳои даври севум дар гурӯҳи «Б» баргузор мешаванд. Сабқати гурӯҳи «А» рӯзи шанбеи 15-уми март ба анҷом мерасад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебарояд. Даври ниманиҳоӣ рӯзи душанбеи 17-уми март барпо мегардад. Мусобиқа барои Ҷоми ФФТ-2014 рӯзи 19-уми март хотима меёбад. Дар ин рӯз бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ барпо мегарданд.


Тақвими бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ-2014

Гурӯҳи «А»: «Хуҷанд», «Панҷшер», «Энергетик», «Истиқлол».
Гурӯҳи «Б»: «Регар-ТадАЗ», «Канд», «Хайр», «Равшан».

Даври 1-ум
10 март (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» - 3-0
«Канд» - «Хайр» - 0-4
11 март (сешанбе)
«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 0-3
«Панҷшер» - «Энергетик» - 1-7

Даври 2-юм
12 март (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Регар-ТадАЗ» - 2-0
15.00 – «Равшан» - «Канд» - 4-3
13 март (панҷшанбе)
12.00 – «Энергетик» - «Хуҷанд» - 1-1
15.00 – «Истиқлол» - «Панҷшер» - 11-0

Даври 3-юм

14 март (ҷумъа)
12.00 – «Регар-ТадАЗ» - «Канд»
15.00 – «Хайр» - «Равшан»
15 март (шанбе)
12.00 – «Хуҷанд» - «Панҷшер»
15.00 – «Энергетик» - «Истиқлол»

Нимфинал

17 март (душанбе)
12.00 – 1 «А» - 2 «Б»
15.00 – 1 «Б» - 2 «А»

19 март (чоршанбе)
12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15.00 – ФИНАЛ

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG