Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи интиқоли барқ ба Афғонистон дар мулоқоти Раҳмон ва Арғандивол


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Абдулҳодӣ Арғандивол, вазири иқтисоди Афғонистон, ки ҳамчунин раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишварро бар дӯш дорад, доир ба масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар самтҳои мухталиф изҳори назар карда шуд.

Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13-уми март хабар доданд, ки ин мулоқот шоми панҷшанбе доир шуд ва дар он аз ҷумла "доир ба роҳҳои зиёд намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳо табодули назар карда шуд".

Ҳамчунин масъалаҳои «татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои кашидани хатти барқии CASA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон» аз мавзуъҳои меҳвари ин мулоқод будааст.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулҳодӣ Арғандивол зикр гардидааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон дар кишвари Афғонистон фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG