Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Обнинск 953 муҳоҷирро дар хонааш сабти ном кардааст


Як вакили маҷлиси наҳри Обнинск дар вилояти Калугаи Русия ба он муттаҳам мешавад, ки дар манзилаш 953 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистонро сабти ном кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳеҷ кадоми ин муҳоҷирон амалан дар ин манзил зиндагӣ намекард. Ношири ин хабар - хабаргузории ИТАР-ТАСС мегӯяд, ҳоло аъмоли ин вакили маҳаллӣ таҳти тафтиш қарор дорад. Тибқи қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, барои сабти номи қалбакии шумораи беш аз меъёри муҳоҷирон дар як манзил, ки дар матбуот бо номи "манзилҳои резинӣ" маъруф шудаанд, то 500 000 рубл, муодили 14 000 доллар ҷарима ё то 3 сол ҳукми зиндон муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG