Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мисриҳо дар Тоҷикистон корхонаи доруворӣ месозанд


Мутахассисони мисрӣ моҳҳои наздик дар шаҳри Душанбе корхонаи дорусозие бунёд мекунанд, ки яке аз бузургтаринҳо дар минтақа хоҳад буд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 13 март, сафири Тоҷикистон дар Миср Нарзуллоҳ Назаров ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, қарордод дар бораи бунёди корхонаи дорусозӣ миёни ширкати ДелтаФарми Миср ва чанд ширкати дорусозии Тоҷикистон чанд сол пеш имзо шуда буд.Барои бунёди корхона ширкати муштараки “ТаҷДел” таъсис шудааст. Дипломати тоҷик афзуд, мутахассисони мисрӣ аввалҳои сол таҷҳизоти корхонаро ба Тоҷикистон бурданд ва ҳоло бандубасти он идома дорад. 70 дар сади маблағи барои бунёди корхона зарурӣ -3,5 миллион доллар аз сӯи ДелтаФарм тахсис дода шудааст.

Сафири Тоҷикистон гуфт, ки бар пояи созиши пешакӣ, мавод барои таҳияи бархе аз дорувор аз Миср ба Тоҷикистон интиқол меёбад ва аммо бештари доруҳо аз гулу гиёҳҳои худи Тоҷикистон тавлид хоҳанд шуд. Бо бунёди ин корхона садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Нарзуллоҳ Назаров афзуд, мисриҳо дар ҳоле дар Тоҷикистон корхонаи дорусозӣ бунёд мекунанд, ки ҳанӯз ҳам аз бӯҳрони сиёсӣ берун нашудаанд ва ҳукумат ҳам ба сармоя ва ҳам ба пуштибонии дигар кишварҳо сахт ниёз дорад. Ба гуфтаи дипломат, ахиран ҳама расонаҳои чопи Қоҳира изҳороти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардаанд, ки ҳангоми пазироӣ аз сафири нави Миср дар Душанбе аз ҳукумати ин кишвари арабӣ дар муборизааш бо терроризму ифротгароӣ пуштибонӣ карда ва аз дигар давлатҳо даъват намудааст то дар ин марҳалаи ҳассосу сарнавиштсоз Мисрро танҳо нагузоранд.
XS
SM
MD
LG