Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қочоқбаре, ки ду афсари милисаро захмӣ кард


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Оятулло Нарзуллоев, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки шоми 11 март дар кӯчаи Бухорои Душанбе ду афсари милисаро бо корд захмӣ карда, фирор карда буд, рӯзи 12 март боздошт шуд. Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи вазорати корҳои дохилӣ ба Озодӣ гуфт, Нарзуллоевро дар як амалиёт дар шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доштааст.
Шоми 11 март зимни амалиёти боздошти Оятулло Нарзуллоев дар назди меҳмонхонаи «Сино», воқеъ дар наздикии вазорати тандурустӣ, ин нафари гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир подполковники милиса Боймаҳмад Саидов ва капитан Фарух Саидазимовро бо корд захмӣ карда, аз ҳалқаи кормандони умури дохила фирор карда буд. Кормандони милиса аз паси ӯ бо таппонча чанд тир холӣ кардаанд.
Вазъи афсарони захмӣ, ки дар бемористони вазорат бистарӣ шудаанд, мӯътадил арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, гурӯҳе, ки дар ин амалиёти бебарор ширкат дошт, аз ҷойи ҳодиса наздики 5 кило ҳероин ва ҳудуди 4 кило афюн пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG