Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯи тоҷикҳову қирғизҳо дар марзи рустои Тош-Тумшуқ


Дар назди деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Бодканд байни сокинони ин рустои Қирғизистон ва коргарони тоҷике, ки ба роҳсозӣ машғул буданд, ихтилофоте сурат гирифтааст. Ин русто бо Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Муовини раиси пулиси вилояти Бодканд Улан Рисбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 100 шаҳрванди Қирғизистон ҷамъб шуда, талаб кардаанд, ки ҷониби Тоҷикистон роҳсозиро бас кунад. Дар посух аз он тараф ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд. Аммо Рисбеков гуфт, вазъ таҳти назорат қарор дорад ва мақомоти милисаву марзбонии ду тараф тавонистанд низоъро зуд хомӯш кунанд.
Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъди тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи ноҳияи Бодканд баст. Дар он даргирӣ 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз захмӣ шуданд.
Масоили марзӣ як моҳи танишҳои мудавом байни Тоҷикистону Қирғизистон боқӣ мемонад. Бо гузашти 22 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ аз 976 километ марзи ин ду кишвар то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG