Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони Умеда Раҳимова боздошт шуданд


Вазорати дохилии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Рӯдакии ин кишвар, Самандар Амиршоев ва Саъдӣ Абдуғаффоровро ба гумони қатли Умеда Раҳимова, талабаи синфи 11- и яке аз мактабҳои пойтахт боздошт кард. Дафтари матбуоти Вазорати дохилӣ, рӯзи 13 март ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ду нафар Умеда Раҳимоваро 8-уми март, дар манзили зисташ ба қатл расонидаанд. Вазорат бо ишора ба оғози тафтишот дар бораи далели ин куштор ва ё сабабҳое, ки ин ду нафарро ба қатли талаби синфи 11 водор кардаанд, маълумот надод. Аммо гуфт, ки ин ду нафар феълан дар боздошгоҳ қарор доранд ва далели қотеъ дарёффт шудааст, ки онҳо дар ин куштор даст доштаанд.

Умеда Раҳимова сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-ум, дар таърихи 8-уми март, Рӯзи байналмилалии занон, бо 17 зарби корд ба қатл расид. Волидони ин духтарак гуфтаанд, ки дар бораи шахсияти қотилон ва ангезаи ин куштор маълумот надоранд.
XS
SM
MD
LG