Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина Горди Миллӣ ташкил мешавад


Намояндагони порламони Украина ба иттифоқи оро барои ташкили Горди Миллии иборат аз 60 000 нафар рай доданд. Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар нируҳои Русия Қримро ишғол кардаанд. Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз порламон хост, ки барои ташкили горди Миллӣ рай диҳад, то кишварро аз “таҷовузи дохиливу хориҷӣ ҳимоят кунад”.

Порламони Украина дар ҳоле барои ташкили Горди Миллӣ рай дод, ки қарор аст рӯзи якшанбе дар Қрим райпурсӣ баргузор гардад. Ин райпурсиро яке аз роҳҳои ҷудо кардани Қрими Украина ва пайвастани он ба Русия медонанд.

Горди Миллӣ мустақиман ба вазири корҳои дохила итоат хоҳад кард. Вале номзадии фармондеҳи гордро раиси ҷумҳур пешинҳод мекунад ва онро дар порламон ба тасвиб мерасонанд.
XS
SM
MD
LG