Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Вимпелком барои фаъолият дар Узбакистон расидагӣ мекунанд


Vimpelcom (Вимпелком)-шабакаи байналмиллалии иртибототи телефонӣ, ки марказаш дар Амстердами Ҳолланд ҷойгир аст, барои фаъолияташ дар Узбакистон таҳти тафтиши Кумиссиюни амниятӣ ва табодули Амрико ё SEC ва мақомоти Ҳолланд қарор дорад. Vimpelcom зери номи Билайн дар Узбакистон фаъолият мекунад.

Моҳи октябр ин ширкат мавриди тафтишу расидагиҳои ҷидии мақомоти интизомии Узбакистон қарор гирифта буд. Узбакистон барои сармоягузории ширкатҳои хориҷии мухобиротӣ кишвари мушкилзо ба шумор меравад.

Масалан, соли 2012 бузургтарин ширкати Русия бо номи Мобайл ТелеСистем (МВТ) фаъолияташро дар Узбакистон қатъ кард ва баъдтар муфлис шуд. Моҳи феврали соли 2013 раиси иҷроии ширкати ТелиаСонераи Шветсия баъд аз бозрасӣ ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ бо ҳамкоранаш дар Узбакистон аз мақоми худ истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG