Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 11 зина поён рафт


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки имрӯз, 13-уми март, нашр гардид, бо 237 имтиёз 11 зина поён рафт ва дар мақоми 121-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 16-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 12-ум мебошад ва аз Қазоқистон (127), Туркманистон (142) ва Қирғизистон (146) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (19), Арманистон (41), Узбакистон (55), Беларус (83), Озарбойҷон (91), Эстония (92), Гурҷистон (99), Литва (105), Молдова (108) ва Латвия (111) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ бо 1510 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Португол, Колумбия, Уругвай, Швейтсария, Италия, Бразилия ва Белгия ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон (42) пешқадам аст. Баъдан миёни даҳгонаи аввал Ҷопон (48), Узбакистон (55), Кореяи Ҷанубӣ (60), Имороти Муттаҳидаи Араб (61), Австралия (63), Урдун (66), Арабистони Саудӣ (75), Умон (81) ва Чин (98) қарор доранд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омадааст.
XS
SM
MD
LG