Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Туркия ду каси дигар кушта шуд


Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Туркия
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Туркия
Мақомоти расмии Туркия мегӯянд, дар нооромиҳое, ки ҳангоми маросими дафни писари 15 сола рух дод, ду нафари дигар кушта шудаанд. Як ҷавони 22 сола дар ҷараёни задухурди гурӯҳҳои ҷавонон аз сараш захм бардошт ва шоми чаҳоршанбе даргузашт.

Як куштаи дигар корманди пулис аст, ки бино ба гузоришҳо аз ҳамлаи қалбӣ ҳангоми задухурд бо эътирозгарон дар шаҳри Тунҷелӣ даргузаштааст.

Писари 15 солаеро, ки ба хок месупурданд, рӯзи сешанбе даргузашта буд. Вай тобистони соли гузашта дар ҷараёни даргириҳои пулис бо эътирозгарон ҷароҳат бардошта буд.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳрҳои дигари Туркия байни пулис ва эътирозгарони зиддавлатӣ даргириҳо рух додааст.
XS
SM
MD
LG