Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади шӯришиён дар интихобот пируз шуд


Салвадор Санчес Серен

Салвадор Санчес Серен

Додгоҳи интихоботии Салвадор эълон кард, ки Салвадор Санчес Серен дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбе пируз шудааст. Нимашаби панҷшанбе шумориши оро 100 дарсад ба поён расид ва эълон карданд, ки Серен 50,1 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Рақиби вай Норман Квиҷано аз ҳизби муҳофизакори ARENA 49,9 дарсади ороро соҳиб шудааст. Серен танҳо 7 000 рай бештар ба даст овардааст.

Дар ин кишвар Санчес Серен нахустин фармондеҳи шӯришиён мебошад, ки дар муборизаҳои интихоботӣ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ пируз шудааст. Аммо Квиҷано тақозо кардааст, ки натиҷаҳои интихобот бекор карда шаванд, зеро натиҷаҳои интихобот дасткорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG