Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ятсенюк дар Шӯрои Амният суханронӣ мекунад


Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Аенгеле Меркел-нахуствазири Олмон зимни суханони худ дар Бундестаг ё порламони кишвараш гуфтааст, ки Русия аз заъфияти Украина истифода кардааст, ба ҷои он ки ҳамчун кишвари ҳамкор ба таъмини субот дар ин кишвар кӯмак расонад. Хонум Меркел гуфт, “тамомияти арзии Украина набояд зери суол равад”.

Аз сӯи дигар интизор меравад, ки рӯзи панҷшанбе Арсений Ятсенюк дар Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба бӯҳрони Қрим суханронӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе ҳимояти ҷидии худро аз ҳукумати нави Киев изҳор дошт.
Ятсенюк бори дигар зимни суханони худ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ такрор хоҳад кард, ки райпурсии рӯзи якшанбе дар Қрими Украина ғайриқонунист ва он ба тамомияти арзии Украина халал мерасонад.

Зимнан рӯзи панҷшанбе бо даъвати Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина порламони Украина ҷаласаи худро баргузор ва дар он ташкили Горди Миллии 20 ҳазор нафариро баррасӣ мекунад. Ин горди қавӣ аз ҳисоби зихираҳо ва довталабони артиш ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG