Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви як тонна маводи мухаддир


Кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати корҳои дохилӣ(ВКД)-и Тоҷикистон рӯзи 13-уми март ҳудуди 1 тонна маводи мухаддирро дар танӯрҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» оташ задаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД рӯзи 13-уми март дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар соати 10-00 кормандони раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорат дар танӯрҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» ҳудуди 1 тонна маводи мухадирро оташ зада маҳв карданд. Вай гуфт, ки дар ҷараёни оташсӯзии маводи мухаддир кормандони додситонӣ низ ширкат доштанд.

Аз ин миқдор 43 кило ҳероин, 248 кило бангдона, 319 кило ҳашиши ва анвои дигари маводи мухаддир оташ зада шудааст. Ба гуфтаи Садриддинов, ин миқдор маводи мухаддирро дар солҳои 2011 то 2013 аз тарафи кормандони ин вазорат аз гурӯҳҳои қочоқбар кашфу мусодира кардаанд ва то ҳол ин ҳама ба ҳайси далелҳои шайъӣ дар парвандаҳои марбут ба қочоқ нигоҳ дошта мешуд.
XS
SM
MD
LG