Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими соатҳои камерадор ба Оҷонсии зидди мухаддир


Фармондеҳии марказии Амрико ба Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон соатҳои дастии камерадор ва камераҳои махфӣ ё худ пинҳонӣ тақдим кардааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон рӯзи 13-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар чорчӯбаи “Барномаи мубориза бар зидди маводи мухадир”-и фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбеи 12-уми март барои фаъолияти фаврии кормандони зудамал таҷҳизоти фанӣ ва фановариҳои оперативӣ ҳамчунин маводи кимиёвӣ барои ташхиси навъҳои маводи мухаддирро тақдим намуд. Вай афзуд, ки таҷҳизоти ироашуда барои тақвияти мубориза алайҳи гурӯҳҳои наркобарон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи наздик ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаҷми кумакҳоии фармондеҳии марказии Амрико беш аз 100 000 долларро дар бар гирифта, барои ҳамаҷониба таҳти контрол қарор додани вазъ теъдоди зиёди камераҳои пинҳонӣ ва соатҳои дастии камерадор ба ихтиёри оҷонсӣ қарор дода шудааст.

Ин манбаъ афзуд, ки дар чорчӯбаи “Барномаи мубориза бар зидди маводи мухадир” ҳукумати Иёлоти Мутаҳида Оҷонсии зидди маводи мухадири Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG