Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Кувайт ҳамкориҳоро густариш медиҳад


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик Сироҷиддин Аслов - вазири нави корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз Кувайт боздиди корӣ анҷом диҳад.

Таърихи дақиқи ин боздид ҳанӯз ба таври расмӣ эълон нашудааст, вале Зубайдуллоҳ Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин боздид вазири корҳои хориҷаро ҳайате аз Вазорати молия, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Утоқи тиҷоратӣ ва гурӯҳе аз соҳибкорони Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздид вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти расмии Кувайт дидор ва бо гурӯҳе аз раҳбарони ширкатҳои ҷаҳонгардии ин кишвар мулоқот анҷом диҳад.

Дар миёни кишварҳои ҷаҳони араб Кувайт нахустин кишварест, ки вазири нави корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз он боздид ба амал меорад. Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ ба Кувайт бештар аҳамият қоил аст.

Боздиди Э. Раҳмон аз Кувайт, 24 июни соли 2013
Боздиди Э. Раҳмон аз Кувайт, 24 июни соли 2013
Боздиди ояндаи Аслов аз Кувайт дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи июни соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кард ва он нахустин боздиди давлатии президент Раҳмон аз ин кишвари арабӣ буд. Дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаҳои ҳукуматӣ дар бораи аз миён бардоштани андозбандиҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ, тандурустӣ, маориф ва дар бахши муҳоҷират аз ҷумлаи санадҳои имзошуда ба шумор мераванд. Тоҷикистон бо Кувайт ҳамчунин барои ташвиқи сармоягузориҳо, ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва илму техника низ санадҳо имзо кардааст.

Ба гуфтаи Зубайдов-сафири Тоҷикистон, ширкатҳои ҷаҳонгардии Кувайт изҳори омодагӣ кардаанд, ки мехоҳанд сайёҳони кувайтиро дар оянда ба Тоҷикистон
Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Кувайт
Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Кувайт
бибаранд. Ҳоло гурӯҳе аз ширкатҳои ҷаҳонгардии Кувайт барои ошноӣ бо имконоти ҷаҳонгардӣ ба сафари Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал соле аз 500 то 100 нафар сайёҳони Кувайт аз Тоҷикистон боздид кунанд.
Аз сӯи дигар, Кувайт ба нируи корӣ эҳтиёҷ дорад ва мехоҳад аз Тоҷикистон нируи кории муносибро ҷалб кунад. Ба ин манзур моҳи январ ҳайате аз соҳибкорони Кувайт аз Тоҷикистон боздид ва масъалаи ҷалби нируи изофии корӣ аз Тоҷикистон ба Кувайтро бо мақомоти вазорати кору ҳифзи иҷтимоӣ ва вазорати тандурустии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Яке аз корхонаҳои маъдангудозии Исфара бо номи “Тамохуш” мехоҳад аз Кувайт хариди ктализаторҳоро ба роҳ монад, ки барои ба кор андохтани ин корхона нақши бориз дорад. Дар ин бора байни ҷонибҳо тавофуқоти пешакӣ ба даст омадааст. Ҳоло воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Кувайт оғоз шудааст ва ин меваҳо дар ин ҷо бозор пайдо мекунанд. Дар чаҳорчӯбаи барномаҳои фарҳангӣ дар оянда гурӯҳҳои мухталифи ҳунарӣ ба ин кишвар сафар ва ҳунари мусиқии тоҷикиро ба мардуми Кувайт пешкаш мекунанд.
XS
SM
MD
LG