Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷи-7 аз Русия хост, "Қримро ором гузорад"


Раҳбарони ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон аз Русия хостанд, талошҳо барои пайвастани Қрим ба қаламравашро бас кунад, дар акси ҳол подоши амалашро хоҳад дид. Дар баёнияи гурӯҳи Ҷи-7, ки Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе нашр кард, омадааст, раъйпурсӣ дар бораи сарнавишти Қрим ҳеҷ заминаи қонунӣ надорад ва аъзои гурӯҳи Ҷи-7 натиҷаҳои онро эътироф нахоҳанд кард. Баёнияи мазкурро раҳбарони Амрико, Бритониё, Фаронса, Канада, Олмон, Итолиё, Ҷопон ҳамроҳ бо раҳбарони Шӯрои Аврупо ва Кумиссиёни Аврупо имзо кардаанд. Ва қарор аст, шоми чаҳоршанбе Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина бӯҳрон дар ин кишварро баррасӣ кунад. Пештар аз ин Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина гуфт, ки Русия то кунун аз ҳаргуна муколама дар бораи бӯҳрон дар Қрим худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG