Пайвандҳои дастрасӣ

Пешвои исмоилиҳои олам аз "ҷаҳолати тарафайн" миёни Ислому Ғарб, афзоиши хушунат байни сунниҳову шиаҳо изҳори нигаронӣ кард ва хостори таваҷҷуҳи бештар ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ шуд

Шоҳзода Карим Оғохони 4 аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки болоравии нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси пайвандҳои бештар миёни мардум нашудааст. Дар суханронӣ дар нишасте ба шарафи 250-солагии таъсиси Донишгоҳи Брауни ИМА, ӯ ҳушдор дод, ки “инзивои фикрӣ ва ҷаҳолати тарафайн рӯи робитаи Ислом ва Ғарб ҳарчӣ бештар таъсири манфӣ мегузорад, дар ҳоле, ки дар олами имрӯз ҳама бо ҳам пайванд доранд”. Аз нигоҳи Шоҳзода Карим Оғохони 4, бояд ҷаҳолат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз байн бурда шуда, дар он бештар рӯи пюрализм ё гуногунандешӣ ва ҷомеаи нерӯманди шаҳрвандӣ тамаркуз шавад, зеро садои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бархе кишварҳо барои мардуме, ки дар фазои тарс ба сар мебаранд, метавонад садои умед шавад”. “Ҳақиқати талх он аст, ки душманӣ ва таҳаммулнопазирӣ миёни адён ва ҳамчунин миёни мазҳабҳои як дин боиси бӯҳрон ва бунбасти сиёсӣ дар кишварҳои зиёд мегардад”, гуфт ӯ дар идомаи суханронӣ ва ба ҳайси намуна аз низоъҳо дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Судони Ҷанубӣ, Нигерия, Мянмар, Филиппин ва Украина ёдовар шуд.

Шоҳзода Карим Оғохони 4 афзуд, ки амиқрафти низоъ миёни сунниҳову шиаҳо дар бисёр кишварҳои олам ба як “бадбахтии бузург” табдил мешавад.

Изҳороти пешвои исмоилиҳо дар ҳоле пахш шуд, ки оташи низоъ миёни сунниҳову шиаҳо дар кишварҳои Ховари Миёнаву Осиё ҳарчӣ баландтар забона мезанад. Фақат дар ду моҳи аввали соли равон дар Ироқ бар асари моҷароҳои Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

байни шиаҳову сунниҳо тақрибан 1800 нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ки низоъҳои байнимазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ бештар решаи сиёсӣ доранд - бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ ба хотири манофеъи худ оташи низоъ миёни шиаҳову сунниҳоро доман мезананд ва мекушанд, ки баҳсҳои мазҳабиро ба хиёбонҳо кашонанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, сатҳи нобоварӣ миёни намояндагони мазҳабҳои дини Ислом ҳоло то ҳадде боло рафтааст, ки бархе мусалмонҳо ҳамкорӣ бо намояндаи дини дигарро назар ба ҳамкорӣ бо намояндаи мазҳаби дигар ислом авлотар мехонанд.

Раҳматулло Абдуллоев, муаррих ва таҳлилгари тоҷик, ин вазъро бо он омил марбут мекунад, ки дар ҷомеаи имрӯзи исломӣ, ба вижа, ҷавонон ҳақро аз ботил фарқ накунанд ва ҳар навишта, аз ҷумла, дар робита ба иттиҳоме алайҳи Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев

шиаҳо ё сунниҳо дар интеретро чун арзиши воқеӣ қабул мекунанд”.

Мавлон Мухторов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ ва собиқ муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон низ нигаронии Шоҳзода Карим Оғохони 4-ро баёнгари ба авҷи аъло расидани низоъ миёни сунниҳову шиаҳо мехонад. Аз нигоҳи ӯ, боло рафтани сатҳи ин низоъ бо пойин будани сатҳи иттилои худи мусалмонҳо рабт дорад ва “беиттилоиву ғафлат боиси куштори одамони зиёди ҳамдин мешавад". Мусоҳиби мо меафзояд, “ман чаҳор сол дар Ироқ будам, мардум дар канори ҳам зиндагии хуш доштанд ва низоъ миёни шиъаҳову сунниҳо баъд аз ҷанги Амрико дар ин кишвар шурӯъ шуд”. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, шояд изҳороти пешвои исмоилиҳо рӯҳониёни маъруфи ду мазҳабро сари мизи гуфтушунид ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкил кашонад.

Дар Тоҷикистон, ки қариб 97 дар сад аз 8 миллион аҳолияш мусалмонанд ва беш аз 90 дар сади мусалмонҳояш аҳли суннатанд, то ҳол низоъҳои мазҳабӣ байни шиаву суннӣ буруз накардааст. Бахши аъзам аз 220 ҳазор сокинони Бадахшони Тоҷикистон пайрави Исмоилия, як шохаи мазҳаби шиаанд.

Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, сунниҳои Тоҷикистон нисбати шиамазҳабҳо адовате надоранд, ва бо пайравони Исмоилия дар ҳоли дӯстиву бародарӣ ба сар мебаранд.зеро "душманӣ Мавлон Мухторов

Мавлон Мухторов

наварзидан бо аҳли қибла - васияти поягузори мазҳаби Абу Ҳанифа ба пайравонаш аст ва аз ин рӯ аҳли мазҳаби Имоми Аъзам ин васиятро ба дандонашон қапидаанд, вале мазҳаби худро ҳам аз даст намедиҳанд".

Аммо аз нигоҳи Фаридун Ҳодизода, раиси Анҷумани муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, ба гунае бадбинии нимапинҳону нимаошкор нисбати шиаъҳо дар ҷомеаи феълии тоҷикон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳисси зиштро ба кишвар онҳое овардаанд, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд. “Ин афрод он ҷо бо дигар ҷараёнҳо, аз ҷумла, ҷараёнҳои тундгаро ошно шуданд ва ҳамчунин аз сӯи бархе афроду гурӯҳҳо мавриди “мағзшӯӣ” қарор гирифтанд”, мегӯяд пажуҳишгар.

Ба эътиқоди пажуҳишгарон, сунниҳои Тоҷикистон исмоилиҳои муқими Бадахшонро ба он хотир табори худ мехонанд, ки қарнҳо боз ҳамроҳ дар як сарзамин ба сар мебаранд ва забону фарҳангу таъриху дини муштарак доранд. Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки “ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон натавонист боиси низои мазҳабӣ шавад, ҳарчанд ихтилоф буд - ихтилофи “маҳаллӣ”.

Шоҳзода Карим Оғохон 4, ки аз соли 1957 Имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеъаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби Исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми Исмоилиҳои Бадахшон

Исмоилиҳои Бадахшон

кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд. Шоҳзода Оғохон муассиси минтақаи фароғатии Порто-Черво дар ҷазираи Сардинияи Италия мебошад, ки аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати миллиардерҳои олам аст. Ӯ соли 1957 аз сӯи маликаи Бритониё Елизаветаи 2 бо унвони “Аълоҳазрат” ва ду сол баъд аз сӯи шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ бо унвони “Аълоҳазрат шоҳ” мушарраф шудааст.

Пешвои исмоилиҳо соли 1967 Бунёди Оғохонро таъсис дод ва аз соли 1983 ба ин сӯ - муассис ва раиси Донишгоҳи Оғохони Покистон низ аст. Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Шоҳзода Карим Оғохон 4 чанд бор аз Бадахшони Тоҷикистон, ки он ҷо асосан исмоилиҳо ба сар мебаранд, дидан карда, ба ин минтақа пайваста кӯмаки башарӣ интиқол медиҳад. Бо ибтикори ӯ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳ таъсис шудааст. Бар пояи хабарҳо, маҳз бо мусоидати ӯ оташи низоъ дар шаҳри Хоруғ дар ду соли пеш хомӯш карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG