Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов:"Русия аз муколама бо мо ҳазар мекунад"


Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина, гуфтааст, ки Русия аз ҳаргуна гуфтугу дар бораи бӯҳрони Қрим бо ҳукумати он кишвар худдорӣ мекунад. Ӯ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки Украина бо лашкари хурдаш барои Қрим бо Русия ҷанг нахоҳад кард, зеро муноқиша марзҳои шарқии кишварро беҳимоят ва заъфпазир мегузорад. Олександр Турчинов гуфтааст, ки ҳукумати Русия то кунун “аз тамос бо вазорати умури хориҷӣ ва сатҳи болои ҳукумат” худдорӣ карда ва “ҳалли дипломатии муноқишаро намепазирад”. Маскав ҳукумати нави Украинаро ғайриқонунӣ медонад. Вале қарор аст, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украинаро ба ҳузур пазирад, ки ин як аломати возеҳи ҳимояти Амрико аз раҳбарони нави Украина ҳисоб мешавад. Ба гуфтаи Кохи Сафед, дар ин мулоқот масъалаи кӯмаки молӣ ба Украинаи мӯҳтоҷ баррасӣ мешавад. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки омода аст, ба Украина бештар аз 1 миллиард доллар кӯмак расонад.
XS
SM
MD
LG