Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти бебарор ва тирандозӣ дар кӯчаи Бухоро


Як нафари гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир шаби гузашта ду афсари милисаро дар Душанбе захмӣ карда, тавонистааст аз ҳалқаи мақомот фирор кунад.
Сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт ба Озодӣ хабар доданд, ки шоми 11 март, дар ин кӯча тирандозӣ рух додааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин тирандозӣ дар ҷараёни амалиёти боздошти як «наркобарон» сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соати тақрибан ҳашти шом зимни амалиёти боздошти Оятулло Нарзуллоев, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар назди меҳмонхонаи «Сино», воқеъ дар наздикии вазорати тандурустӣ, ин нафари гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир подполковники милиса Боймаҳмад Саидов ва капитан Фарух Саидазимовро бо корд захмӣ карда, аз ҳалқаи кормандони умури дохила фирор кардааст. Кормандони милиса аз паси ӯ бо таппонча чанд тир холӣ кардаанд.
Саидхӯҷа Назирматов, сокини кӯчаи Бухоро мегӯяд, ки дар ин тирандозӣ тирезаи хонааш шикастааст. Вай гуфт, тирпаронӣ сокинонро сахт нигарон кард, вале касе аз мақомот шарҳ надод, ки инҷо чӣ мегузарад?
Ба гуфтаи мақомот, таъқиби Оятулло Нарзуллоев ҳанӯз идома дорад. Вазъи афсарони захмӣ, ки дар бемористони вазорат бистарӣ шудаанд, мӯътадил арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, гурӯҳе, ки дар ин амалиёти бебарор ширкат дошт, аз ҷойи ҳодиса наздики 5 кило ҳероин ва ҳудуди 4 кило афюн пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG