Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як узви собиқи гурӯҳи Мансур Муаккалов


Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми март хабар дод, ки як узви гурӯҳи Мансур Муаккалов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи оппозисиюни пешинро дастгир кардаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март ба Озодӣ гуфт, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ Фазлиддин Шарифов, сокини деҳаи Самарқандаки канори Душанберо дар ҳафтаи гузашта боздошт кардаанд. Ӯ дар бандитизим айбдор дониста мешавад.

Тавре гуфта мешавад, Фазлиддин Шарифов яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи Мансур Муаккалов ба шумор рафта, аз соли 1996 то 2001 дар гурӯҳи ӯ амал мекардааст.

Феълан Фазлиддин Шарифов дар боздоштгоҳи ВКД қарор дошта, тафтишоти пешакӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Мансур Муаккалов яке аз фармондеҳони неруҳои мухолифини пешин буда, дар атрофи Душанбе фаъолият дошт. Муаккалов, мулаққаб ба "Шайх Мансур" ҳамроҳ бо Раҳмон Сангинов, мулақаб ба «Раҳмон Гитлер», фармондеҳи дигари мухолифин дар ин минтақа, ки шатҳои сулҳи давлат бо мухолифинро напазируфтанд, дар соли 2001 дар як амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG