Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветнам ҷустуҷӯи ҳавоии Боинг-777-ро мутавақиф кард


Дар ҳоле ки Малайзия эълом кардааст, доираи ҷустуҷӯ барои ҳавопаймои нопадидшудаи хатсайри 370-и кишварашро бо садҳо километр фаррох аз нуқтаи қаблӣ ба дарёи Ондамон густариш медиҳад, Ветнам низ мегӯяд ҷустуҷуи ҳавоии худро феълан мутавақиф мекунад.

Пом Куй Тю, вазири ҳамлу нақли Ветнам эълом кардааст, давлаташ то замоне ки Малайзия масири ҷадиди эҳтимолӣ барои таҳқиқи ҳавопаймои нопадидшударо мушаххас накунад, ҷустуҷуҳои ҳавоии худро мувақатан қатъ мекунад. Албатта ҷустуҷуҳои дарёии ин кишвар дар доираи хурдтар идома меёбад.

Ҷустуҷуҳои чаҳор рӯзи гузашта ба дунболи парвози ҳавопаймои хатсайри 370-и Малайзия, ки ба пойтахти Чин ҳаракат мекард ҳеҷ натиҷае надодааст.

Малайзия эълон кардааст, ки доираи ҷустуҷуро ба дарёи Ондомон дар нуқтаҳои муқобили минтақае, ки то ҳол дар онҷо ҷустуҷу идома дорад дар шимолу ғарби он кишвар, минтақае миёни ғарби Таиланд шимоли Индонезия ва шимолу ғарбии Малайзия идома медиҳад.

Ин хабар пас аз он мунташир шуд, ки хабарҳо дар мавриди «тағйири масир»-и эҳтимоли Боинг 777-и нопадидшуда мунташир шуданд. То кунун ҷустуҷуҳо ба дарёи Чини ҷанубӣ мутамарказ буд.

Изҳориддин Абдураҳмон, раиси идораи ҳавонавардии ғайринизомии Малайзия ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки онҳо намехоҳанд ҳеҷ эҳтимолеро нодида бигиранд.

Ҳамзамон неруҳои ҳавоии Малайзия бо интишори баёнияе хабари расонаҳо дар бораи ин ки артиши он кишвар ҳавопаймои нопадидшударо дар Малоко раддаёбӣ кардааст такзиб кардааст.

Хабаргузории Фаронса аз қавли вазири ҳамлу нақли Ветнам навиштааст, ки онҳо ба Малайзия гуфта буданд, вақте охирин бор аз ҳавопаймо сигнале дарёфт карданд, мутаваҷеҳ шуданд,, ки ҳавопаймо ба самти ғарб тағйири масир кардааст, аммо Малайзия ба он посухе надодааст.

Дар ҳоли ҳозир ташкилотҳои гуногуни давлатӣ дар Малайзия бо кӯмаки кишварҳои дигар ҷустуҷу ва таҳқиқи ҳавопаймои нопадидшударо тақсим кардаанд. Пулиси он кишвар фарзияҳои эҳтимоли дар мавриди вуқуъи ҷурми ҳавопайморабоӣ ё худкушии эҳтимолиро таҳқиқ мекунад.

Ҷаъфар Ломрӣ, раиси пешини идораи ҷустуҷӯ ва наҷоти дарёнавардӣ ба рӯзномаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳатто бо вуҷуди беҳтарин технологияи мавҷуда ҷустуҷуи ҳавопаймо дар уқёнус кори сангин аст.

Ӯ бо ишора ба ин ки қисме аз дарёи Чини ҷанубӣ то 250 метр ҷуқурӣ дорад гуфтааст, ки агар ҳавопаймо ба суръате ки дошт ба дарё бархурд карда бошад маълум нест, ки дар ниҳоят то куҷо рафта расидааст.

Ширкати ҳавопаймоии Малайзия ва Боинг 777-и нопадидшудаи он, ҳар ду аз амнтаринҳо ба шумор мераванд. Ин ширкат тайи наздик ба ду даҳаи гузашта ҳеҷ ҳодисаи маргборе надоштааст. Ҳавопаймои нопадидшуда бо 227 мусофир ва 12 нафар ҳайати парвоз, дар масири худ аз пойтахти Малайзия ба Пекин будааст.
XS
SM
MD
LG