Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди вакилони зан дар порлумонҳо афзудааст


Созмони Милал мегӯяд, саҳми занон дар порлумонҳои кишварҳои ҷаҳон соли гузашта, 1,5 дар сад афзуда, ба сатҳи рекордии 21,8 дар сад расидааст. Иттиҳодияи Байнипорлумонӣ ва Муассисаи Занон дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе бо нашри гузорише гуфтанд, ки теъдоди занони вакил дар порлумон назар ба соли 1995 ду баробар афзудааст, вале бисёр оҳиста зиёдтар мешавад. Ҷон Ҳендра, муовини мудири Муассисаи Занон дар Созмони Милал, гуфт, бо ин суръат чанд даҳсола лозим аст, то баробарии занону мардон дар порлумонро таъмин шавад. Ба гуфтаи ӯ, тадобири муваққатӣ ба мисли таъйини ҳисса барои занон, ҷалби онҳо ба аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои қавии бонувон метавонанд, ба афзоиши вакилони зан дар саросари ҷаҳон мусоидат кунанд. Дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тақрибан 16 дар сад ва дар Маҷлиси Олӣ тақрибан 12 дар сади вакилон занон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG