Пайвандҳои дастрасӣ

Башор Асад ба шаҳри Азро рафтааст


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ки аҳёнан дар мазҳари ом пайдо мешавад, рӯзи чаҳоршанбе ба дидори теъдоде аз беҷошудагоне рафтааст, ки дар ҷанги сесолаи шаҳрвандӣ бехонумон шудаанд. Башор Асадро бори охир моҳи январ ҳангоми намозгузорӣ дар масҷиди Димишқ нишон доданд. Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки Башор Асад ба шаҳри Азро рафтааст, вале аз ин бештар чизе нагуфт. Баъди ишғоли қисмате аз ин шаҳр аз тарафи шӯришиён дар моҳи декабр, Азро ба як саҳнаи даргирӣ миёни сарбозони давлат ва шӯришиён табдил шудааст. Дар ҷанги Сурия ба гуфтаи Созмони Милал то кунун 140 ҳазор нафар кушта шудаанд ва 2 миллиону 300 ҳазор нафари дигар ба Урдӯну Лубнон, Туркияву Миср ва Ироқ гурехтаанд. Ҷанг дар дохили кишвар тақрибан шашуним миллион нафарро бехонаву ҷой кардааст.
XS
SM
MD
LG