Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи ҷаҳонӣ раъйпурсии Қримро ғайриқонунӣ медонад


Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид доранд, ки мухолифи баргузории раъйпурсӣ дар Қрим ҳастанд, ки як ҳадафи аслии он пайвастани ин минтақа ба Русия аст. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, ки нозиронашро барои назорати раъйпурсии Қрим намефиристад, зеро он ғайриқонунӣ аст. Дидиер Бурхалтер, вазири умури хориҷии Шветсия, ки раҳбарии феълии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, раъйпурсии рӯзи 16 март қонунӣ нест. Дигар ин ки Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ рӯзи сешанбе бӯҳрони Украинаро баррасӣ карданд, вале муколамаашон натиҷае надод. Аз ин пештар ҳукумати Амрико аз Русия хостааст бигӯяд, ки барои ҳалли бӯҳрони Украина аз роҳи сулҳомез, чӣ гуна тадобири дипломатиро метавонад, амалӣ кунад.
XS
SM
MD
LG