Пайвандҳои дастрасӣ

Бозтоби вазъи Афғонистон дар матбуоти кишварҳои ҳамсоя дар нишасти Италия


Нишасти бозтоби вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои Эътилофи байналмилалии зидди террори ISAF дар матбуоти кишварҳои минтақа имрӯз дар Италия кори худро шуруъ кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ рӯзи 12-уми март бо тасдиқи ин хабар аз Италия дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки имрӯз нишасти мазкур оғоз шуд ва дар он аслан намояндаҳои кишварҳои ҳасмоя бо Афғонистон коршиносони Русия, Ҳиндустону Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Мазуъе, ки имрӯз мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт бозтоби асароти ноамниҳо дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои ISAF дар саҳифаҳои расонаҳо ва ба сурати умум дар матбуоти кишварҳои ҳамсоя хоҳад буд.

Оё пас аз хуруҷи неруҳои кишварҳои ISAF вазъи амниятӣ хусусан фаъолияти созмонҳо ва гуруҳҳои терористӣ афзоиш хоҳад ёфт ё на, агар ноамниҳо афзош ёбад ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон чӣ гуна таъсир хоҳад расонид, мизони қочоқи маводи мухадир ру ба афзоиш хоҳад ниҳод ё хайр ва масоли дигари марбут ба вазъи амниятии Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои зидди террор ба кишварҳои ҳамося ба он то кадом андоза таҳдид хоҳад кард, дар ин нишаст баррасӣ мешавад. Нишасти мазкур ду рӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG