Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк


Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин рӯзи сафари худ ба Ню-Йорк бо мақомоти Созмони Миллаи Мутаҳҳид дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "Сироҷиддин Аслов, дар дидор бо Пан Ги Мун, дабири кулли СММ масоили амнияти минтаи Осиёи Миёна, бахусус дар пасманзари хуруҷи нируҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон то поёни соли ҷорӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд."

Ба таъкиди ҷаноби Атоев, ҷонибҳо дар ин дидор инчунин истифодаи одилонаи захираҳои обӣ ва сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энержиро матраҳ карданд.

Ҳамчунин ба иттилои сухангуи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов дар чорчуби сафари худ дар Ню-Йорк бо У Хумбо ва Ҷефри Фелтман, муовинони дабири кулли СММ низ дидор карда ва дар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо СММ, таъмини суботу амнияти минтақа ва густариши равобити минтақавӣ гуфтугу кардаанд.

Сухангуи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки "дар канори дидорҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти СММ, ҳамзамон дар маросими роҳандозии сомонаи нави намояндагии Тоҷикистон дар СММ (www.tajikistan-un.org) ширкат кардааст.

Зимнан, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 март пас аз дидори расмиаш аз Русия ба Амрико сафар кард.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Сироҷиддин Аслов ба Амрико то 14 март идома мекунад.
XS
SM
MD
LG