Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости вакили дифоъи Умед Тешаев аз додситонии Кӯлоб


Вакили мудофеъи Умед Тешаев, маҳбуси зиндони Кӯлоб, ки сардори маҳбасро бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонид, мегӯяд, ки масъулони маҳбас наздикони зерҳимояи ӯро иҷозат намедиҳанд то аз аҳволи Умед Тешаев хабар гиранд.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеъи Умед Тешаев рӯзи 12-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз ба додситонии минтақавии Кӯлоб ариза пешниҳод карда хоҳиш кардааст, ки ба наздикони зерҳимояаш иҷоза диҳанд дар СИЗО бо Умед Тешаев мулоқот кунанд.

Вай мегӯяд, аз рӯзи рух додани ҳодисаи куштори сардори маҳбас аз тарафи Умед Тешаев дар таърихи 16 феврал то ҳол наздикони вай аз аҳволи Умед Тешаев хабар надоранд. Наздикони Умед мегӯянд, ки онҳо намедонанд, дар рӯзҳое, ки тафтишоти пешакӣ давом дорад вай дар СИЗО чӣ аҳвол дорад.

«Муфатишони парвандаи ҳодисаи куштори сардори маҳбас Умар Қаюмов моро бо ташхиси равонӣ ва физотехникии Умед Тешаев шинос карданд, ки мувофиқи ин ташхисҳо Умед сиҳат буда ҳеҷ бемории равонӣ надоштааст», мегӯяд вакили мудофеъ.

Раҳмоналӣ Раҷабов меафзояд, ки вале наздикони Умед ва худи ӯ бовар надоранд, ки Умед аз нигоҳи равонӣ сиҳат бошгад. Ҳамин ҳоло дар беморхонаи бемории руҳии Кӯлоб ҳам амак ва ҳам тағояш бистарӣ ҳастанд ва табобат мегирифтаанд.
Аммо як намояндаи додситонии минтақавии Кӯлоб рӯзи 12-уми март бо шарти наоварданги номаш ба радиои Озодӣ гуфт, ки то анҷоми тафтишоти пешакӣ ба ҷуз вакили мудофеъ дигар ҳеҷ нафаре наметавонад бо Умед Тешаев сӯҳбат кунад ва аз аҳволи вай хабар гирад.

«Дар мавриди саломатии Умед Тешаев ҳамаи экспертизаҳо гузаронида шуд, либосу оби даҳони вай ташхис карда шуд ва ҳам махсус ташхиси равоншиносӣ карда шуд, ки Умед Тешаев комилан сиҳат аст. Вале танҳо пас аз тафтишоти пешакӣ вазъи ӯ баррасӣ карда хоҳад шуд», зикр кард корманди додситон.

Маҳбуси зиндони Кӯлоб Умед Тешаев зуҳри рӯзи якшанбеи 16-уми феврал Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи (СИЗО) Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмов бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонидла буд.

Умед Тешаев қаблан бо ҷурми куштани як сокини Кӯлоб бо 54 зарбаи корд дар поёни моҳи август ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар авохири моҳи гузашта додгоҳи Кӯлоб аризаи шикоятии ӯро дар мавриди ҳукми мазкур баррасӣ намуда бетағир гузошт.
XS
SM
MD
LG