Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон Януковичро маҳкум кард


Вазорати Хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ҳамагуна амалеро, ки ба ташаннуҷи авзо дар Украина мебарад, маҳкум мекунад ва изҳороти ахири Виктор Януковичро номуносиб ва бемавқеъ мешуморад.

Вазорати Хориҷии Қирғизистон мегӯяд, "манбаи ҳукумат дар ҳар кишвар мардум аст ва президенте, ки эътимоди мардумашро комилан аз даст додааст ва аз кишвар фирор кардааст, наметавонад президенти қонунӣ бошад. Мақомоти расмии Бишкек беандешагӣ ва фасодкории мақомоти собиқи Украинаро аз сабабҳои аслии бӯҳрон ва марги даҳҳо нафар дар ин кишвар унвон карданд. Қирғизистон гуфтааст, ки ҷонибдори ҳалли оҷили авзо дар Украина буда, аз музокирот ва муколама бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG