Пайвандҳои дастрасӣ

Коргарон истеъфои раиси дафтари худро тақозо мекунанд


Даҳҳо нафар кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Гурҷистон рӯзи сешанбе дар назди бинои шаҳрдории Тифлис ба эътироз баромаданд. Ин эътирозкунандагон, ки аз як ҳафта ба ин сӯ даст ба гуруснанишинӣ задаанд, истеъфои Темур Гиоргадзе-раиси хадамоти мазкур ва дубора ба кор барқарор кардани кормандони рондашударо тақозо доранд.

Эътирозгарон, ки аз оташнишонҳо ва коргарони гурӯҳи наҷот иборатанд, мегӯянд, ки онҳоро маҷбур сохтаанд, ки дар осоишгоҳи тобистонаи Гиоргадзе кор кунанд ва мукофотпулиҳои худро бо раҳбаронашон тақсим намоянд.

Аммо Гиоргадзе ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки барои расидагии ошкор ва одилона омода аст.
XS
SM
MD
LG