Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Энергетик» ва «Истиқлол» (ҳарду аз Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Канд» (Конибодом), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Равшан» (Кӯлоб) дохиланд. Макони баргузории бозиҳои Ҷоми ФФТ майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Нахуст дастаҳои гурӯҳи “Б” рӯзи 10-уми март ба рақобат шурӯъ карданд. “Регар-ТадАЗ” бар ҳайати ҷавонони “Равшан” бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Хайр” ба дарвозаи “Канд” чаҳор голи беҷавоб зад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «Б»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Хайр» 1 1 0 0 4-0 3
2 «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 3-0 3
3 “Равшан” 1 0 0 1 0-3 0
4 “Канд” 1 0 0 1 0-4 0

Рӯзи сешанбе, 11-уми март, дастаҳои гурӯҳи «А» вориди рақобат шуданд. «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Энергетик» бар «Панҷшер» бо ҳисоби 7-1 пирӯз шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Энергетик» 1 1 0 0 7-1 3
2 «Истиқлол» 1 1 0 0 3-0 3
3 “Хуҷанд” 1 0 0 1 0-3 0
4 “Панҷшер" 1 0 0 1 1-7 0

Мусобиқа барои Ҷоми ФФТ-2014 рӯзи 19-уми март ба анҷом мерасад. Дар ин рӯз бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ барпо мегарданд.


Тақвими бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ-2014

Гурӯҳи «А»: «Хуҷанд», «Панҷшер», «Энергетик», «Истиқлол».
Гурӯҳи «Б»: «Регар-ТадАЗ», «Канд», «Хайр», «Равшан».

Даври 1-ум
10 март (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» - 3-0
«Канд» - «Хайр» - 0-4
11 март (сешанбе)
«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 0-3
«Панҷшер» - «Энергетик» - 1-7

Даври 2-юм
12 март (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
15.00 – «Равшан» - «Канд»
13 март (панҷшанбе)
12.00 – «Энергетик» - «Хуҷанд»
15.00 – «Истиқлол» - «Панҷшер»

Даври 3-юм

14 март (ҷумъа)
12.00 – «Регар-ТадАЗ» - «Канд»
15.00 – «Хайр» - «Равшан»
15 март (шанбе)
12.00 – «Хуҷанд» - «Панҷшер»
15.00 – «Энергетик» - «Истиқлол»

Нимфинал

17 март (душанбе)
12.00 – 1 «А» - 2 «Б»
15.00 – 1 «Б» - 2 «А»

19 март (чоршанбе)
12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15.00 – ФИНАЛ

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG