Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи "Оrmon.tj" роҳандозӣ шуд


Созмони ҷамъиятии "Ормон" сомонаи ҷадидеро таҳти унвони Ormon.tj роҳандозӣ кард. Ёқуб Саидов, рӯзноманигори тоҷик рӯзи 11-уми март ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки сомонаи ҷадид бо номи Ormon.tj масоили иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишварро инъикос хоҳад кард. Вай мегӯяд, ки ин номро махсус интихоб кардааст ва он ҳам ба хотири пойдории озодӣ, баробарӣ ва ҳамбастагӣ – се ормони ҳамешагии башарият таъсис шудааст. Ёқуб Саидов меафзояд, ки дар ибтидо Ormon.tj ба инъикоси мавзуъҳои иҷтимоӣ авлавият бахшида, баъд аз ҷойгоҳи худро дар фазои хабарии кишвар пайдо намудан, талош мекунад тозатарини хабару матолибро дар мавзӯъҳои иҷтимоию сиёсӣ барои хонандаи худ пешкаш кунад. Ормон" сомонаи хабарӣ-иҷтимоии Созмони ҷамъиятии "Ормон" буда, фаъолияти рӯзноманигорӣ анҷом медиҳад. Маводи ин сомона бештар дар шакли чандрасонаӣ таҳия ва пахш мешавад.
XS
SM
MD
LG