Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзноманигори ғарбӣ дар Кобул террор шуд


Як рӯзноманигори ғарбӣ дар Кобул ҳадафи тир қарор гирифтааст. Саид Гулоқо Ҳошимӣ-сардори раёсати расидагӣ ба ҷиноёт ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин рӯзноманигор рӯзи сешанбе дар маркази Кобул кушта шудааст. Вай шаҳрванди Шветсия будааст. Номи вайро эълон накардаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ин рӯзноманигор баъд аз тир хӯрдан дар бемористон ҷон додааст. Толибон гуфтаанд, ки дар ин куштор даст надоранд. Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфтааст, ки онҳо ҳамаи муҷоҳидони худро пурсидаанд ва касе аз онҳо аз ин куштор хабар надорад ва Толибон масъулияти ин кушторро бар дӯш намегиранд.
XS
SM
MD
LG