Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди даъватҳо ба баррасии вазъ ва мушкилоти расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март, тақсими ҷоизаҳои Иттиҳодияи журналистон ба муҳимтарин мавзӯъ табдил ёфт.

Имсол ягон намояндаи расонаҳои мустақил ба Ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ мушарраф нашуд ва ин ҳолат байни журналистон баҳсҳоеро ба миён овард. Ҷоизаи Лоҳутӣ имсол ба кормандони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Гул Шарифов, Алихон Зарифӣ, Моҳсафар Яҳёзода ва Ғайратшоҳи Аҳмад, рӯзноманигори "Садои мардум" Ҳусейни Нарзулло, ва корманди «Паёми Душанбе» Мирзоалӣ Ҷӯраев дода шуд.

Журналист Зайниддин Орифӣ ин амалро ноодилона номид ва гуфт, ба ҳунару заҳмат ва дастовардҳои рӯзноманигорони расонаҳои мустақил арҷ гузошта нашудааст: «Солҳои охир як фикри қолабӣ пайдо шудааст, ки гӯё 11 март рӯзи иди матбуоти давлатӣ бошад ва 3-юми май рӯзи таҷлили матбуоти ғайридавлатӣ. Бинобар ин, вақте барои ин ё он ҷоиза як нафарро муаррифӣ мекунанд, ҷараён бояд шаффоф сурат гирад. Матлаби ӯро қабл аз гирифтани ҷоиза дубора пешкаши шунаванда, хонанда ё бинанда гардонанд.»

Ҳамчунин ба қавли ин рӯзноманигори мустақили тоҷик, ҷоиза бояд ба онҳое дода шавад, ки аз дарду доғи ҷомеа ва мушкили олами журналистикаи тоҷик огоҳ бошад.

Гулафшон Соқиева, хабарнигори дигари тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ афзуд агар худи Лоҳутӣ зинда мешуд, аз эълони ин ҷоиза ҳатман гиря мекард, ҳам ба ҳоли ҷоиза ва ҳам ба ҳоли матбуоти тоҷик. Зеро аз дасткӯбии толор баръало эҳсос мешуд, ки мардум барандагони ҷоизаро қабул надоранд. Вай гуфт: «Хусусан ҳамин сол ҷоизаи Лоҳутӣ он қадар беқадр шуд, ки ногуфтанӣ. Дигар барои мардум ҳеҷ ҷозибааш намонд. Донишҷӯе, ки соҳиби ҷоизаи Воҳид Асрорӣ шуд, хуш пазируфта шуд, аммо соҳибони ҷоизаи Лоҳутӣ не.»

Ба қавли Гулафшон Соқиева, онҳое, ки барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ шудаанд, дар рушди матбуоти тоҷик кори зиёд анҷом надодаанд ва онҳоро кам касон мешиносанд.

Рӯзноманигорони тоҷик иди касбияшонро таҷлил мекунанд

Маросими ботантана бахшида ба Рӯзи матбуот дар бинои Театри давлатии ба номи Абдулқосими Лоҳутӣ бо ширкати хабарнигорон, мақомоти расмӣ ва аҳли адабу фарҳанг баргузор шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=foGqsD3FSX4&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A



Бист сол пеш, соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон, Рӯзи Матбуоти тоҷик 11-уми март муқаррар гардид. Ин сана аз рӯзи чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. Нахустин шумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад. Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд. Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла “Шӯълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” фароҳам кард.

Навори тақдими ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ ба хабарнигорон.


Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзноманигорони тоҷик чун дигар ҳамкасбони шӯравияшон иди худро 5-уми май, рӯзи чопи нахустин шумораи рӯзномаи «Правда», нашрияи Ҳизби Коммунист, таҷлил мекарданд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, 11 март, бо
Акбари Саттор

Акбари Саттор

пахши номае ҳама хабарнигоронро бо идашон табрик гуфт. Ӯ навиштааст, “ҳамасола рӯзи 11 март барои мо аз як ҷониб рӯзи иди касбӣ бошад, аз ҷониби дигар ин рӯз ҳамчун як нуқтаи ҳисобот аз фаъолияти ҳамасола дар назди худи мост. Имрӯз ҳар як нафари мо бояд як маротиба як соли фаъолияти худро тахлил намуда, аз бурду бохтамон хулоса барорем. Кушиш кунем, ки дар ин давраи ҳассос созанда будани қаламу гуфтори худамонро исбот намоем».

Айни ҳол дар Тоҷикистон тақрибан 280 рӯзномаву маҷалла сабти ном шудаанд, вале ҳамаи онҳо бо далелҳои гуногун, асосан, мушкили молиявӣ, имкони нашри мунтазамро надоранд. Баъзе аз и нашрияҳо баъд аз чопи ду-се шумора аз чоп мемонанд, вале ҳудуди 140 то 150 нашрияҳои ҳукуматӣ, мустақил, шахсӣ ва маҳаллӣ пайваста ба дасти хонандагон мерасанд.

Аммо расонаҳои Тоҷикистон то куҷо рисолати худро иҷро мекунанд ва оё метавонанд афкори умумро дар ҷомеъа эҷод намоянд? Иброҳим Усмон, донишманди тоҷик, мутмаин аст, ки тайи як соли ахир матбуоти тоҷик рисолати Иброҳим Усмон

Иброҳим Усмон

худро иҷро кардааст. Аз нигоҳи ӯ, “ҳар он имконияте, ки дар шароити Тоҷикистон барои гуфтани сухан, барои ба миён гузоштани мушкилот, барои дастгирӣ ё маҳкум кардани ин ё он амал мавҷуд буд, расонаҳои мо аз он истифода бурданд”. Донишманди тоҷик меафзояд, расонаҳои ҳам ҳукуматӣ ва ҳам мустақил дар баррасии масоили маънавӣ пешқадам буданд, аз ҷумла, мавзӯи худшиносии миллиро, ки аз мавзӯъҳои хело муҳими як соли ахир буд, хуб матраҳ кардаанд.

Аз сӯи дигар, мегӯяд профессор Иброҳим Усмон, соли ахир теъдоди онҳое, ки бо иқтибос аз расонаҳои тоҷикӣ ҳарф мезаданд, хело зиёд буд ва ин баёнгари саҳми матбуот дар фаҳмишу оламшиносии насли имрӯз ва дар эҷоди афкори ҷомеъа аст. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, дар ҷараёни маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам матбуот “ақидаи худро дошт ва ақидаи худро гуфт”.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳр аз сокинон пурсид, ки дар шароити кунунӣ матбуот рисолати худро иҷро мекунад? Инак назари сокинон дар навори зер.



Мухтор Боқизода, роҳбари Хазинаи ҳифзи ҳуқуқ ва гиромидошти рӯзноманигорони Тоҷикистон, мегӯяд, тайи як соли ахир бо талоши рӯзноманигорон бархе аз мушкилоте, ки дар қаламфарсоӣ буд, аз байн рафтанд, аммо бар асари бепарвоии иддае аз аҳли қалам норасоиҳое дар дар риояи одоби хабарнигорон ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон боқӣ мондаанд. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи ӯ, тайи як соли ахир, матбуоти тоҷик рушд кардааст. “Вақте ман баъзе рӯзномаву ҳафтаномаву маҷаллаҳоро варақ мезадам, эҳсос мекардам, ки ҳамкорони мо, агар хоҳанд, метавонанд ҳама гуна масоили баҳсталабро рӯи саҳифа кашанд”.

Мухтор Боқизода мегӯяд, ҳамзамон доираи мавзӯъҳои “мамнӯъ”, ки хабарнигорони тоҷик бар пояи худсенсорӣ аз боз кардани онҳо парҳез доранд, торафт тангтар мешавад. Мусоҳиби мо худсенсориро бо одоби шарқии тоҷикон Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

ҳам рабт медиҳад ва он баъзан боиси “наҷот”-и хабарнигорон ҳам мешавад, зеро ҳоло мардум ба ҳар ҳарфи расонаҳо таваҷҷуҳ мекунанд ва барои як сухани ноҷо ва танқиди нодуруст расонаву хабарнигорро ба додгоҳ мекашанд.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта алайҳи хабарнигорон ва нашрияҳои Тоҷикистон чанд мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуд. Ба иттилои Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон таъқибу фишор болои хабарнигорон ҳам идома дошт, аз ҷумла, зимни эълони ҳукми додгоҳ дар баробари соҳибкори маъруф Зайд Саидов наворбадори оҷонсии “Озодагон” Абдураҳим Шукуров лату кӯб шуд.

Раҷаби Мирзо, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, ҳам мегӯяд, матбуот кӯшишҳое мекунад, ки ба мавзӯъҳои мамнӯъ ё табуе чун зиндагии раҳбарони кишвару атрофиёни онҳо рӯ оваранд, аммо ҳоло ҳам ин мавзӯъҳо тақрибан дастнозада боқӣ мемонад, ҳарчанд бояд хабарнигорон дар атрофи онҳо таҳқиқоти ҷиддӣ анҷом диҳанд. “Мо ишораҳоеро дар ин мавзӯъ мебинем, аммо он ба хонанда бо ҳама ҷузъиёт, ошкор ва фаҳмо гуфта намешавад”, меафзояд Раҷаби Мирзо.

Аммо профессор Иброҳим Усмон мутмаин аст, ки худсенсорӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо ҳам аз байн нахоҳад рафт, зеро он бо тафаккури шахси эҷодкор сахт пайванд: яьне:ба қавли Саъдӣ “Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аст аз пушаймонӣ, ки чаро гуфтам”...

Аз сӯи дигар бархе бо иишора ба рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук, ҳадс мезананд, ки шояд солҳои наздик онҳо ҷойгузини матбуот ва садову симо шаванд. Иброҳим Усмон иқрор мекунад, ки воқеъан имрӯз мавқеъи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми олам назар ба радиову телевизион ва матбуот мустаҳкамтар аст, зеро “онҳо имкони бештар доранд, фавритар ё сареътаранд, аз ҳар воқеъа дар вақту замонаш хабар медиҳанд, робитаи дуҷонибаро бо хонанда ва сӯҳбати ҳамзамонӣ бо чанд манбаъро хубтар таъмин карда метавонанд”. Вале, меафзояд донишманди тоҷик, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ ҷойгузини радиову телевизион ва матбуот нахоҳанд шуд, зеро ҳама ҳар яке аз онҳо мавқеъ ё ҷойгоҳи хоси худро доранд. Ба гуфтаи ӯ, бори аввал, вақте кино пайдо шуд, мегуфтанд, ки ба рӯзномаву маҷалла зарурате нахоҳад монд, вақте телевизион рӯи майдон омад, сару садо бархост, ки гӯё он ҷойгузини кинову театр мешавад. Имрӯз ҳам бо вуҷуди рушди бесобиқаи интернет, ба гуфтаи профессор Иброҳим Усмон, ҳам матбуот ва ҳам радиову телевизион то ҳол барои аксари мардум маҳбуб боқӣ мондаанд.

Ҳамзамон мусоҳибони мо иқрор мекунанд, ки бештари шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон миёни мардум маҳбубияти зиёд надоранд, зеро аз пахши хабарҳои доғи кишвар худдорӣ меварзанд ва аз иттилои хурду резаи камаҳамият рӯ наметобанд. Хабарҳои доғи кишварро мардум аз интернет, нашрияҳои мустақил, радиоҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизионии дигар кишварҳо тавассути моҳвора дастрас мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG