Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъшавии мошинҳо дар марз мушоҳида намешавад


Гулмира Борубаева-сухангӯи нируҳои марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол интиқоли бору колоҳое, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, аз марзи миёни ин ду кишвар иҷоза дода намешавад. Бо вуҷуди ин соҳибони мол чунин вазъияти пешомадаро медонанд ва дар посгоҳҳои марзии миёни ду кишвар ҷамъшавии мошинҳои бору колоҳои Тоҷикистон мушоҳида намешавад. Аммо вай аз боқӣ мондани бору колоҳои Тоҷикистон дар дохили қаламрави Қирғизистон изҳори бехабарӣ кард.

Бо вуҷуди тавофуқти 3 марти ҳайатҳои музокираи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе марзи миёни ин ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад. Борубаева гуфт, танҳо 6 март ба таври истисноӣ бо дархости ҷониби Чин тақрибан 25 мошини борбар ва мошинҳои кормандони амниятӣ аз гузаргоҳи марзии Қарамиқ гузаштаанд. Чун ин мошинҳо бори Чинро барои Тоҷикистон мебурданд, Қирғизистон ба онҳо иҷозаи убур аз марзро додааст.

Баъзе аз расонаҳои хабарӣ ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки баъд аз мулоқоти 3-4 март дар шаҳри Душанбе ҷонибҳо дар бораи боз кардани марз ба тавофуқ расидаанд ва то ду-се рӯзи дигар роҳи заминии миёни ду кишвар барои рафту омад боз хоҳад шуд. Вале сухангӯи нируҳои марзбонии Қирғизистон ин хабарро рад кард.

Хонум Борубаева мегӯяд, ҷонибҳо баррасии масъалаи посгоҳҳои марзиро идома медиҳанд ва дар бораи боз кардани марзи миёни ду кишвар то ҳол тасмими мушаххас гирифта нашудааст.

Вале Борубаева меафзояд, бар асоси тавофуқоти паймони НАТО бо Тоҷикистону Қирғизистон мошинҳои ҳомили бори нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Афғонистон аз хоки Қирғизистон ба Тоҷикистон ва ё аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни мамониат ворид мешаванд.

Баъд аз тирандозии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони ду кишвар ҷониби Қирғизистон ба таври якҷониба тасмим гирифт, ки посгоҳҳои марзҳояшро бар рӯи Тоҷикистон бибандад. Бо гузашти ду моҳ аз ин ҳодиса ҳайатҳои ҷонибҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои рафъи ихтилофот чанд бор бо ҳам ба музокира нишастаанд.

Бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо дар ин музокирот то ҳол дар бораи боз кардани марз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Борубаева мегӯяд, ин масъала дар даври баъдии музокирот низ баррасӣ хоҳад шуд ва дар сурати ба даст омадани тавофуқоти зарурӣ ҷонибҳо дар бораи боз шудани марзҳо хабар хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG