Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз "беқонунӣ" дар шарқи Украина нигарон шудааст


Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, аз “беқонунӣ” дар манотиқи шарқии Украина, ки ба зиндагии русҳову мардуми русзабон таъсири манфӣ гузоштааст, нигарон аст. Вазорат рӯзи душанбе бо нашри баёнияе ҳодисаеро дар шаҳри Харков зикр кардааст, ки зимни он афроди ниқобпӯш аз гурӯҳи миллатгарои украинӣ бо номи Ҷабҳаи Рост ба гуфтаи вазорат, бо "ризоияти" ҳукумати нави Киев ба сӯи тазоҳургарони осоишта тир андохтаанд. Пулиси шаҳри Харков, вуқӯъи чунин ҳодисаи хурдеро таъйид кард, вале гуфт, маълум нест, ки дар воқеъ ин кори дасти Ҷабҳаи Рост аст, ё не. Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин шикоят кардааст, ки пулиси шаҳри Днепропетровск 7 хабарнигори русро боздошт кардаанд, вале дар баробари ин ҳодиса “шарикони ғарбӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва матбуоти хориҷӣ” бешармона сукутро ихтиёр кардаанд. Ҳукумати Украина ва раҳбарони ғарбӣ мегӯянд, ки Русия тазоҳургарони украиниро, ки Виктор Януковичро сарнагун карданд, бардӯрӯғ ифротгароёни бераҳм тасвир мекунад.
XS
SM
MD
LG