Пайвандҳои дастрасӣ

11 март барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон мешаванд


11 март дар Рӯзи Матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ эълон мешаванд. Ба ин муносибат дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт бо ширкати рӯзноманигорону фарҳангиён ва намояндагони ҳукумат 11 март маросиме баргузор мешавад.

Дар ин маросим ҳамчунин барандагони «Беҳтарин мақола дар воситаҳои ахбори умум», «Беҳтарин маводи телевизионӣ», «Беҳтарин гуфтори радиоӣ» ва барандаи “Беҳтарин мақолаи таҳқиқоти журналистӣ»-ро ҳайати доварон эълон хоҳанд кард. То ҳол номи довталабонро пинҳон медоранд.

Дар ин рӯз ҳамчунин китобҳои нав ва намунаҳои беҳтарини мақолаҳои матбуоти Тоҷикистонро дар маҳали баргузории маросим ба намоиш мегузоранд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов-муовини раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 280 нашрия сабти ном шудаанд, вале ҳамаи онҳо мунтазам ба нашр намерасанд. Баъзе аз онҳо баъд аз чопи ду ё се шумора аз чоп мемонанд, вале ҳудуди 140 то 150 нашрия ҳафтае ё моҳе як бор ба нашр мерасанд. Ба онҳо нашрияҳои ҳукуматӣ, нашрияҳои мустақил, нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дохил мешаванд.

Ҳар сол Иттиҳодияи Рӯзноманигорон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Аблуқосими Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои ширкат дар озмун пешкаш мекунанд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфта буд ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи Матбуот ба барандаи озмун тақдим мегардад.

То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи Матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз рӯзи чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.
XS
SM
MD
LG