Пайвандҳои дастрасӣ

Раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2013 шумораи ононе, ки дар ҷустуҷӯи кор аз Тоҷикистон берун рафтаанд, нисбат ба соли 2012 бештар будааст.

Шумораи умумии муҳоҷирони корие, ки дар соли 2013 Тоҷикистонро тарк кардаанд, 799 698 нафарро ташкил додааст, дар ҳоле, ки дар соли 2012 ин шумора 744 360 нафар буд. Дар муқоиса бо як соли пеш дар соли 2013 ин шумора 55 338 нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Абдулло Қодирӣ-сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба маълумоти хадмоти мазкур, раванди муҳоҷирати корӣ аз ҳисоби занон низ рӯ ба афзоиш аст. Агар дар соли 2012 бештар аз 87 ҳазор зан ба қасди муҳоҷирати корӣ Тоҷикистонро тарк карда бошанд, дар соли 2013 ин шумора ба 100 875 нафар расидааст.
Бештари ин муҳоҷирон барои кор Русияро интихоб мекунанд.

Аксари муҳоҷирон барои кор Русияро интихоб мекунанд. Масалан, дар соли 2012 бештар аз 689 ҳазор нафар ва дар соли 2013 бештар аз 788 ҳазор нафар ва ба Русия рафтаанд.

Соли 2013 дар ҷустуҷӯи кор бештар аз 86 ҳазор нафар ба Қазоқистон, 424 нафар ба Қирғизистон, 75 нафар ба Украина, 21 нафар ба Озарбойҷон ва 15 нафар Узбакистон ба Узбакистон рафтаанд.

Ҳоло Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар барои содир кардани нируи изофии корӣ бо кишварҳои дигар, аз ҷумла бо кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ низ музокира пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG