Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба иттилои Идораи ҳавонавардии Малайзия, то кунун дар мавриди пайдо шудани пораҳое аз ҳавопаймои нопадидшудаи ин кишвар дар бомдоди рӯзи шанбе, наметавон чизе гуфт.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои ветнамӣ пештар ба расонаҳои он кишвар гуфта буданд, ҳавопамои нерӯҳои баҳрии Ветнам пораҳоеро аз баҳр пайдо кардаанд, ки "мумкин аст" қитъаҳое аз ин ҳавопаймои нопадидшуда бошанд. Дар ҳамин ҳамин ҳол шумораи зиёди ҷустуҷӯкунандагон ба минтақа фиристода шудаанд то дар ин маврид таҳқиқ кунанд.

Се рӯз аст, ки аз нопадид шудани Боинг-777-и ширкати ҳавонавардии Малайзия мегузарад ва чанд фарзия дар ин маврид матраҳ шудааст, аммо то кунун чизе ба таври расӣ эълон нашудааст. Нерӯҳои вижаи ҷустуҷӯкунанда аз Малайзия, Чин, Ветнам, Сингапур ва Амрико дар ҳоли кӯмак ба ин амалиёт ҳастанд.
Амалиёти ҷустуҷӯ бо ҳузури 40 киштӣ ва беш аз 30 ҳавопаймо идома дорад.

Бинобар гузоришҳо, киштиҳое ба минтақа дар 90 километрии Ветнам фиристода шудаанд, то дар мавриди "пораҳое, ки эҳтимолан мутааллиқ ба ҳавопаймо аст", таҳқиқ кунанд. Пештар қитъаи дигаре, ки нерӯҳои сингапурӣ гуфта буданд, ёфтаанд, мутааллиқ ба ҳавопаймои нопадидшуда набуд.

Рӯзи якшанбе раиси нерӯҳои ҳавоии Малайзия ба хабарнигорон гуфта буд, радарҳо нишон медиҳанд, ки ҳавопаймои нопадидшудаи хутути ҳавоии он кишвар "мумкин аст роҳи бозгашт аз масири аслии худ ба сӯи Чинро дар пеш гирифта буд." Бо ин ҳама ба гуфтаи мақомоҳои малайзиягӣ, ин ҳавопаймо пеш аз нопадид шудан аз сафҳаи радар, ҳеҷ нишоне аз ҳушдор ё ҳатто ин ки дар ҳоли бозгашт аз масир худ аст, нафиристодааст.

Ҳамзамон ҳузури ду мусофир бо гузарномаи ғайри воқеӣ, ки мутааллиқ ба як шаҳрванди итолиёӣ ва як шаҳрванди австриягӣ аст ва пештар дуздида ва ё гум шуда буд, аз дигар масъалаҳое аст, ки бар таҳқиқот дар мавриди парвози нопадидшуда соя афкандааст. Ду тан аз касоне, ки аз Италия ва Австрия номашон дар феҳристи мусофирони парвоз шомил шуда буд, гузарномаҳои худро пештар гум карда буданд ва дар ин парвоз низ набуданд.

Вазири дифои Малайзия гуфтааст, дидоре бо нерӯҳои пулиси федеролии Амрико, ки барои таҳқиқот фиристода шудаанд, сурат гирифтааст. Ин кишвар мегӯяд, таҳқиқот дар мавриди мусофирон идома дорад. Онҳо аксҳои ду мусофире, ки бо гузарномаҳои ғайри воқеӣ вориди ҳавопаймо шуда будандро аз рӯи дурбинҳои мадорбаста ёфтаанд.

Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия низ дастури бознигарӣ дар раванди амнияти парвоз дар фурудгоҳҳои он кишварро содир кардааст. Бо ин ҳама, раиси идораи ҳавонавардии Малайзия дар конфронсии хабарии худ, рӯзи душанбе аз вазъияти амниятии фурудгоҳи Куала-Лумпур дифоъ кард.

Ширкати ҳавопаймоии Малайзия ва Боинг 777-и нопадидшудаи он, ҳар ду аз амтаринҳо ба шумор мераванд. Ин ширкат тайи наздик ба ду даҳаи гузашта ҳеҷ ҳодисаи маргборе надоштааст. Ҳавопаймои нопадидшуда бо 227 мусофир ва 12 нафар ҳайати парвоз, дар масири худ аз пойтахти Малайзия ба Пекин будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG