Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Янукович дигарбора баёния медиҳад


Бино ба гузоришҳо, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина, рӯзb cешанбе як изҳороти расмӣ нашр хоҳад кард. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки Виктор Янукович дар шаҳри Ростови лаби Дон суханронӣ мекунад. Раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина, ки зери фишори тазоҳуроти мардум, моҳи гузашта аз кишвараш гурехт ва ин баёнияи дуввумаш хоҳад буд. Ӯ рӯзи 28 феврал дар шаҳри Ростов гуфт, ки ӯ ҳанӯз ҳам раиси ҷумҳури қонунии Украина аст ва ҳукумати нави кишварашро “фашистони одамкуш” номид. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам рӯзи 4 март дар нишасти хабарие гуфт, ки Януковичро ҳамчунон раиси ҷумҳури қонунии Украина медонад, вале афзуд, ки ӯ дигар ояндаи сиёсӣ надорад. Владимир Путин гуфт, ки Русия ба ӯ танҳо барои ҳифзи ҷонаш паноҳ додааст.
XS
SM
MD
LG