Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек як амрикоиро дастгир кардаанд


Дар Қирғизистон як корманди маркази транзитии Амрико дар фурудгоҳи байналмилалии Манас дар шаҳри Бишкекро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, Корнелиус Бранден, шаҳрванди 29-солаи амрикоӣ рӯзи якшанбе ба як афсари пулиси қирғиз, ки барои бозпурсии ӯ омада буд, дарафтодааст. Маъмури пулис мехостааст, ҷавони амрикоиро дар робита ба шикояти зане бозпурсӣ кунад, ки мегӯяд, Корнелиус Бранден ӯро маҷбур кардааст, дар ивази пул бо ӯ ҳамхоба шавад. Ба гуфтаи вазорат, ҷавони амрикоӣ ҳангоми бозпурсӣ маст буда, мизи утоқро шикаста ва нишони расмии либоси пулисро кандааст. Баъди ин маъмурони пулис ӯро дастгир карданд ва сафорати Амрикоро дар ҷараён гузоштаанд. Иёлоти Муттаҳида ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG